Ҷонибек Ҳикмат ба Деннис Фрэнсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон изҳори сипос намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсис мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Зимни мулоқот оид ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор доир шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бинобар ба итмом расидани ваколати Раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба Деннис Франсис барои ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла Рӯзи байналмилалии морхӯр, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Раванди оби Душанбе изҳори миннатдорӣ карда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






