Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 август дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии содирот соати 10:00 доир мегардад.
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотӣ соати 13:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 доир мешавад.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нишасти матбуотӣ соати 08:00 ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат соати 10:00 барпо мешаванд.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:00 доир мегардад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






