Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми «Садои ҷаҳони Ҷануб» иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври маҷозӣ таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки дар мавзӯи “Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор” доир шуд, роҳбарон ва намояндагони зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардида, дар бораи мушкилот, афзалиятҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо дар Ҷаҳони Ҷануб, бахусус барои таъмини рушди устувор пешниҳодҳо ба миён гузошта шуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ин ҳамоишро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои гуногуни раванди рушди устувор ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир дониста, кишварҳои Ҷанубро ҷиҳати муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба онҳо ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ даъват намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






