РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо доир шуд

Август 9, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо (ВТФ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

Зимни баргузории мусобиқа таъкид шуд, ки таэквондо ВТФ яке аз намудҳои маъмули варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстдорони зиёд дорад. Насли наврас пайваста талош мекунад ки дар ин намуд ҳунару маҳоратро зиёд карда, парчамбардори давлат гардад.

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар  ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби  бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад