РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар мусобиқаи вилоятӣ оид ба таэквондо (ВТФ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Зимни баргузории мусобиқа таъкид шуд, ки таэквондо ВТФ яке аз намудҳои маъмули варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстдорони зиёд дорад. Насли наврас пайваста талош мекунад ки дар ин намуд ҳунару маҳоратро зиёд карда, парчамбардори давлат гардад.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар шудааст. Мақсад аз таҷлили ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






