«Россотрудничество» ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Шаҳринав 300 номгӯй китоб тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав» 300 номгӯй адабиёти бачагонаи русӣ ва теъдоди зиёди барномаву дастурамалҳои омӯзиши забони русӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Зимни супоридани адабиёти бачагона роҳбари намояндагии «Россотрудничество» Андрей Патрушев гуфт, ки ҳадафи онҳо ба роҳ мондани ҳамкории байналхалқӣ дар самти гуманитарӣ буда, мақсад аз он ҳифзу рушди забони русӣ мебошад.
Ҳамзамон барои омодакунӣ ва дар оянда таҳсил намудани хонандагони ин мактаб-интернат дар донишгоҳу донишкадаҳои федератсияи Русия байни намояндагии «Россотрудничество» ва мактаб-интернат шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






