Сабти ном барои барномаи iCode оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сабти ном барои барномаи iCode оғоз гардид, ки он барои ба занон омӯзонидани соҳаи технологияҳои иттилоотӣ равона шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ тавассути ташвиқ ва дастгирии занон ва духтароне мебошад, ки мехоҳанд роҳи худро дар соҳаи IT оғоз кунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хабар доданд.
Пайи ҳам соли сеюм аст, ки барномаи iCode ба занон ва духтарон имконият медиҳад касбҳои актуалии IT-ро комилан ройгон омӯзанд. Дар ин давра зиёда аз 100 нафар ин барномаро хатм кард.
Имсол барнома боз ҳам бештар имконият фароҳам меорад ва дар як вақт чаҳор даври омӯзишӣ оғоз мекунад, ки инҳо тарроҳии UX/UI, санҷиши QA, таҳияи iOS ва идораи лоиҳаҳои IT мебошанд.
Давоми се моҳ занон аз мутахассисони дараҷаи аввал илму малака меомӯзанд. То анҷоми барнома онҳо болои лоиҳаи ниҳоӣ кор мекунанд, ки дар он метавонанд малакаи гирифтаашонро дар амал татбиқ намоянд. Ба донишҷӯёни муваффақтарин барои пайдо кардани кор кумак пешниҳод мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби American Space Dushanbe тарроҳӣ ва пешбарӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Ҳумолаб, Илмхона ва Алиф Академия амалӣ мешавад.
Сабти ном то 15 август аст. Барои маълумоти муфассал шумо метавонед ба American Space Dushanbe бо рақами 987600221 муроҷиат кунед ё ба онҳо дар Instagram @americanspacedushanbe нависед.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






