Сабти ном барои барномаи iCode оғоз гардид

Август 9, 2024 10:01

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сабти ном барои барномаи iCode оғоз гардид, ки он барои  ба занон омӯзонидани соҳаи технологияҳои иттилоотӣ равона шудааст. Ҳадафи асосии лоиҳа аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ тавассути ташвиқ ва дастгирии занон ва духтароне мебошад, ки мехоҳанд роҳи худро дар соҳаи IT оғоз кунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хабар доданд.

Пайи ҳам соли сеюм аст, ки барномаи iCode ба занон ва духтарон имконият медиҳад касбҳои актуалии IT-ро комилан ройгон омӯзанд. Дар ин давра зиёда аз 100 нафар ин барномаро хатм кард.

Имсол барнома боз ҳам бештар имконият фароҳам меорад ва дар як вақт чаҳор даври омӯзишӣ оғоз мекунад, ки инҳо тарроҳии UX/UI, санҷиши QA, таҳияи iOS ва  идораи лоиҳаҳои IT мебошанд.

Давоми се моҳ занон аз мутахассисони дараҷаи аввал илму малака меомӯзанд. То анҷоми барнома онҳо болои лоиҳаи ниҳоӣ кор мекунанд, ки дар он метавонанд малакаи гирифтаашонро дар амал татбиқ намоянд. Ба донишҷӯёни муваффақтарин барои пайдо кардани кор кумак пешниҳод мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби American Space Dushanbe тарроҳӣ ва пешбарӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Ҳумолаб, Илмхона ва Алиф Академия амалӣ мешавад.

Сабти ном то 15 август аст. Барои маълумоти муфассал шумо метавонед ба American Space Dushanbe бо рақами 987600221 муроҷиат кунед ё ба онҳо дар Instagram @americanspacedushanbe нависед.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 9, 2024 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он доир мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 2,8 баробар афзоиш ёфт
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар Шуғнон вохӯрӣ доир шуд
Ба шарқи Тоҷикистон меравем: дар Бадахшон чиро дидан мумкин аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон 40 фоизи истеҳсоли картошка ба водии Рашт рост меояд
Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт 16 муассисаи томактабӣ ва 131 маркази инкишофи кӯдак фаъолият доранд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад