Шумораи парвандаҳо вобаста ба риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳокимияти судии мустақил ва устувор яке аз унсурҳои муҳими давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Ҳокимияти судӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассисаҳоро кафолат медиҳад. Фаъолияти суд барои таъмини қонуният тавассути баррасии парвандаҳо ва қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок равона карда шудааст», — чунин гуфт Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Суди Олӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 94303 парванда ва дархосту пешниҳодот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросима дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 885 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 885 шахс баррасӣ шуда, аз онҳо 877 шахс ба маблағи зиёда аз 6 миллион сомонӣ ҷарима шуданд.
Шумораи умумии баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳо бинобар сабаби риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 27 ҳазору 248 ададро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ дар асоси ин парвандаҳо ба 3 ҳазору 681 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 21 ҳазору 340 нафар ба маблағи умумии 4 миллиону 653 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шудааст. Таъкид гардид, ки шумораи умумии баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайроникуии маъмурӣ бинобар сабаби риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 487 адад зиёд гардидааст.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 18 ҳазору 341 таъинотои хусусӣ бароварда ба мақомоти дахлдор 688 пешниҳод ирсол намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки судҳо дар радиои «Ховар» 24 барномаи «Маърифати ҳуқуқӣ» сабт ва ба шунавандагон пешниҳод шудааст.
Акрам САНГЗОДА,
Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






