Соҳилҳои Сирдарё ба макони истироҳат табдил дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд дар ду соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа аз пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии беш аз 8 метр роҳрав бунёд шуда, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта мешаванд. Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил меёбад.
Ҳоло корҳои чароғонкунӣ ва панҷарабандӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд. Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.
Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон аст, аз ин рӯ бояд ин минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Татбиқи лоиҳаҳо дар ду соҳили Сирдарё марҳилаи нави рушд дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






