Соҳилҳои Сирдарё ба макони истироҳат табдил дода мешаванд

Август 14, 2024 09:14

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд дар ду соҳили  Сирдарё  барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид  фароҳам оварда мешавад. Дар ин хусус   АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ  дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд.

Иттилоъ дода  шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа аз пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд  то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии беш аз 8 метр роҳрав бунёд шуда, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта мешаванд. Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил меёбад.

Ҳоло  корҳои чароғонкунӣ ва панҷарабандӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд. Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд.

Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон аст, аз ин рӯ бояд ин минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Татбиқи лоиҳаҳо дар ду соҳили Сирдарё марҳилаи нави рушд дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 14, 2024 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст