Содироти маҳсулот байни Тоҷикистон ва Покистон афзоиш меёбад

Август 28, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардида, ҷонибҳо бо мақсади афзоиши содироти маҳсулот масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, нақлиёт, логистика, имконияти истифодаи бандарҳои Покистон, инчунин воридоти шакарро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бахусус дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Иброз шуд, ки соли 2024 давраи раисии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад ва дар ин марҳила ташаббусҳои созанда дар фаъолияти созмон назаррас ҳастанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар ба Завқӣ Завқизода  даъватномаи Вазири федералии савдои Покистон Ҷам Камал Ханро барои иширок дар ҷаласаи вазирони Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои иқтисодии хориҷӣ ва савдои хориҷӣ, ки 12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Исломобод баргузор мегардад, супорид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба ва истифодаи пурраи имконияти ҳарду давлат  изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид