СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Айнӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Август 3, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба 2 миллиарду 745 миллиону 514 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  1 миллиарду 94,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат ва Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар ноҳия барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» барои истихроҷи ангишт шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, нақшаи истихроҷи ангишт барзиёд таъмин мегардад. Он аз калонтарин корхонаҳо ба шумор рафта, дар рушди соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ саҳм мегузорад.

Дар бахши энергетикаи мамлакат таъсири ангишт калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муҳим аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 3, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад