СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Айнӣ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ба 2 миллиарду 745 миллиону 514 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 миллиарду 94,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат ва Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар ноҳия барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» барои истихроҷи ангишт шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, нақшаи истихроҷи ангишт барзиёд таъмин мегардад. Он аз калонтарин корхонаҳо ба шумор рафта, дар рушди соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ саҳм мегузорад.
Дар бахши энергетикаи мамлакат таъсири ангишт калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муҳим аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»






