Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор 5 мактаб барои 2400 хонанда сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор сохтмони 139 синфхонаи иловагӣ идома дошта, 60 адади он дар соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор мегирад. Чунин гуфт иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар конфронси омӯзгорони шаҳри Ҳисор. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар конфронс гуфта шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба синфхонаҳои навбунёд 720 ҷуфт мизу курсӣ, 60 дона ҷевон ва 60-донагӣ тахтаи синф, инчунин ҳамин миқдор мизу курсӣ барои омӯзгорон дастрас карда мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ соли 2025 дар шаҳри Ҳисор сохтмони 5 мактаб барои 2400 хонанда дар назар аст.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат қарор додаанд.
Аз соли 1991 то ибтидои соли 2024 дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст. 41 муассисаи олии касбӣ дари худро ба рӯи донишомӯзон боз намуда, барои таҳсили ҷавонон дар хориҷи мамлакат низ шароит фароҳам гардидааст.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми мамлакат оид ба дастоварду мушкилоти соҳа дар соли хониши 2023-2024 ҳисобот доданд. Иброз гардид, ки хонандагони шаҳри Ҳисор байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар сафи аввал ва дар шумори даҳгонаи беҳтарини шаҳру ноҳияҳои мамлакат қарор доранд.
Ҳоло дар шаҳри Ҳисор шумораи хонандагон ба зиёда аз 82 ҳазор нафар расида, зиёда аз 4,4 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд.
Барои соли хониши 2024-2025 аз ҳисоби буҷет беш аз 157 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин 72 фоизи маблағи буҷетро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби 40 фоиз зиёд гардидани музди маоши омӯзгорон ба ин маблағ ҳар моҳ беш аз 5,8 миллион сомонии дигар изофа мегардад.
Дар конфронс дар фазои тантанавӣ ба як зумра омӯзгорони фаъоли шаҳри Ҳисор нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сипоснома» ва туҳфаҳо тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд






