СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Агентии омор дар ин мавзуъ ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа маҳсуб мешавад. Бояд эътироф намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани зиндагии шоиста, тамоми санадҳои ҳуқуқӣ таҳия, пешбарӣ ва қабул шудаанд. Дар ҷавоб ба ин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ сокинони мамлакатро мебояд маърифати ҳуқуқии худро баланд бардошта, дар бунёди давлати миллии муосири пешрафта бо роҳи риояи қонунҳо саҳми шоиста гузоранд. Дар ин хусус 16 август зимни барузории ҳамоиш бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ.
Муовини директори Агентии омор Зарина Назарзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоишу суҳбатҳо ва дигар чорабиниҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки рушди бомароми сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст.
Мудири бахши ҳуқуқи Агентии омор Нозиршо Қадамшоев гуфт, ки вазифаи хизматии ҳар яки мост, ки бо риояи дақиқи қонунгузориҳо дар соҳаи мақомоти давлатӣ фаъолият намуда, бо интизоми намунавии хизматӣ ва эҳсоси волои ватандӯстона бо донишу маҳорати баланди касбии хеш дар пешрафти ҳам соҳа ва ҳам ҷумҳурӣ саҳм гузорем.
Барои устувории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва давлат таҳкими ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамчунин эҷоди фазои қонунмеҳвар ва рушди маърифати ҳуқуқӣ зарур аст. Маҳаки асосии маърифати ҳуқуқии ҳар миллат ва давлати соҳибистиқлолро, бешубҳа, конститутсия ташаккул медиҳад, ки он ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат медиҳад.
«Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои ҷумҳурӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад»,- таъкид намуд Нозиршо Қадамшоев.
Дар ҳамоиш иштирокдорон вобаста Соли маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






