ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
14 августи соли 2007 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маҷмуи васеи масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шуданд.
***
14 августи соли 2012 сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо суроғаи «president.tj» аз соли 2005 инҷониб фаъол аст, дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии интернет баромад. Сомона имрӯз дар ин шабака бо чор забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ оид ба сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон хабару гузориши расмӣ пешниҳод менамояд.
***
14 августи соли 2013 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ҳиндустон барпо гардид.
***
14 августи соли 2020 дар Душанбе дурнамои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.
***
14 августи соли 2023 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар натиҷаи марҳилаҳои интихобӣ дар Русия ва ҳашт давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироккунандагони ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ муайян гардиданд, ки дар байни онҳо хонандаи синфи 10 Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ мебошад.
14 АВГУСТ:
Дар Покистон-Рӯзи истиқлол.
***
Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонони миллӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Насруллоҳи Асадулло-соли 1945- рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988)