ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
15 августи соли 1992 дар Озарбойҷон пули нав – манат ба муомилот бароварда шуд.
***
15 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, ба масъулини соҳаҳои дахлдор оид ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.
***
15 августи соли 2011 дар ноҳияи Ванҷ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистонро ифтитоҳ намуданд.
***
15 августи соли 2017 дар шаҳри Сочии Русия намоиши чоррӯзаи маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, хотима ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки зодаи Тоҷикистон Суҳроб Ҳоҷиматов муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ, UNDP) дар Қазоқистон таъйин гардид.
***
15 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд.
15 АВГУСТ:
Дар Ҳиндустон – Рӯзи истиқлол.
***
Дар Коста-Рика – Рӯзи модар.
***
Дар Русия — Рӯзи бостоншиносон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҷаб Ҳусейнов-соли 1941, — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик. Узви Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2001).
***
Ҳабибулло Назаров-соли 1907— шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1958).