ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, сешанбе, 219-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 6, 2024 08:00

6 августи соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи «Прогресс»-ро ба кайҳон сар дод.

***

6 августи соли 2021  дар шаҳри Туркманбошии  Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

6 августи соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификат ва кимоно супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб дар иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  шинос шуданд.

***

6 августи соли 2021 Форуми 3-юми намояндагони ВАО-и кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати АМИТ «Ховар» тариқи онлайн доир  шуд

***

6 августи соли 2022 Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад.

6 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.

***

Рӯзи байналмилалии  «табибон барои сулҳ».

***

Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дамир Дӯстмуҳаммадов — соли 1941-оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).

Август 6, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, чоршанбе, 330-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, сешанбе, 329-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, душанбе, 328-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, якшанбе, 327-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, шанбе, 326-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, ҷумъа, 325-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, панҷшанбе, 324-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, чоршанбе, 323-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, сешанбе, 322-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, душанбе, 321-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, якшанбе, 320-умин рӯзи соли 2025 аст