«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ: НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН». Таҳти ин унвон дастури таълимӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби муҳаққиқони ҷавони пойтахт Шоҳзод Раҳимзода, Гулзод Маҳкам ва Абдулхайр Абдураҳмонзода таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ: нақш ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти ҷавонон» вобаста ба татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастури нави таълимӣ ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Китоб дар доираи татбиқи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, ба нашр расид. Китоб ҳамчун дастури таълимӣ барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ пешбинӣ гардида, таҳлили вазъи тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонони шаҳри Душанбе низ дар он ҷойгир карда шудааст.
Ҳамзамон дар китоб оид ба тарбия, мафҳум ва моҳияти он, сарчашма ва заминаҳои ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, инчунин оид ба мактаби бузурги ватанпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ин замина оид ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маълумот дарҷ гардидааст.
АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






