ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Сарбозони Артиши миллӣ дар Душанбе ва Ҳисор саёҳат намуданд

Август 12, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 12.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор саёҳат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Саёҳат аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, ба он беш аз 70 нафар сарбозону афсарон ҷалб гардиданд.

Мақсад аз саёҳат- баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва қадршиносии сарбозон дар сафи Артиши миллӣ мебошад.

Дар суҳбат бо сарбозон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати мудофиаи мамлакат иброз доштанд, ки ин саёҳат дар ҳошияи ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Пешвои миллат аз насли ояндасози мамлакат ифтихор ва ба онҳо умеду боварӣ дошта, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Сарбозон иброз доштанд, ки барояшон мояи ифтихор аст, ки дар чунин Ватани орому осудаи дорои таъриху фарҳанги бой, табиати зебо ва мардуми тамаддунофар зиндагӣ доранд.

Иштирокчиён бо автобуси дуқабатае, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои саёҳати сарбозон омода шуда буд, ба тамошои шаҳри Ҳисор рафтанд.

Сарбозонро дар шаҳри Ҳисор роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва ҳамчунин роҳбарияти мавзеи таърихиву сайёҳии «Қалъаи Ҳисор» самимона истиқбол гирифтанд.

Сарбозон бо «Қалъаи Ҳисор», ки яке аз ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, шинос шуданд. Роҳбаладони қалъа ба онҳо доир ба таърихи куҳани ин қалъа маълумот доданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 12, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид