ТАВАҶҶУҲ! 22-23 август дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 21.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати сокинони пойтахт расонида мешавад, ки шуруъ аз пагоҳ, 22 августи имсол аз соати 09:00 то соати 14:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Мастонгулов (Фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони Рӯдакӣ ва Сомонӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
23 август низ аз соати 11:30 то соати 14:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути хиёбони Рӯдакӣ, Сомонӣ, кӯчаҳои Сино, С.Айнӣ (Садбарг) А.Дониш ва Мастонгулов (фурудгоҳ) муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Аз ин рӯ аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намуда, аз таваққуфи нодуруст дар ин кӯчаҳо худдорӣ намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






