Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи саноат густариш медиҳанд. Далели ин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат мебошад, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии ин санад таъмини суръати рушди иқтисоди миллӣ дар самти мубодилаи маълумот оид ба афзалияти миллии навсозиҳо дар рушди саноат, таҷриба оид ба таҳия ва татбиқи стратегияҳои рушди соҳаҳои саноат ва барномаҳои дахлдори мақсаднок, доир намудани машваратҳо ва ташкили платформаҳои муштарак барои баррасии масъалаҳои марбут ба муайянсозии самтҳои асосии кооператсияи саноатӣ мебошад.
Инчунин Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории ду давлат дар самтҳои ояндадори рушди фанноварӣ, амалисозии корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ оид ба таъсис ва аз худ кардани технологияҳои баланди фанноварӣ ва сарфакунандаи захираҳо, табодули маълумоти кушодаи илмию техникӣ ва фанноварии технологӣ, мусоидат ба амалисозии робитаҳои тиҷоратӣ байни корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва шарикӣ нигаронида шудааст.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи саноат мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






