Тоҷикистон ва Қазоқистон Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро имзо намуданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар шаҳри Душанбе Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақсади ин барнома иҷрои маҷмуи тадбирҳо вобаста ба инкишоф додани ҳамкории самаранок дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи барнома ташкили низоми омода намудани варзишгарони дараҷаи олӣ ба чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ, истифодаи самараноки иншооти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин табодули таҷриба дар соҳаи варзиш ва таъмини зиддидопингӣ дар назар аст.
Татбиқи ин барнома ҳамкории мақомоти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташкилоти ҷамъиятӣ ва минтақавии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро таъмин менамояд.
Дар доираи барнома баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили конференсияҳои илмӣ, машваратҳои омӯзишӣ, симпозиум оид ба масъалаҳои мубрами рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо иштироки мутахассисон дар ҳудуди ду давлат дар назар дошта шудааст.
Инчунин тибқи барнома, ташкил ва баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳудуди ду давлат ва сохта ба истифода додани иншооти соҳаи варзиш ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






