26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад

Сентябрь 26, 2024 13:50

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи мамлакат, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ менамояд. Чунин ибрози назар намудааст сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода дар робита ба Рӯзи Маҷлиси Олӣ.

— Мувофиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия доир мешавад.

Яке аз падидаҳои муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқие, ки ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олии мамлакат таҳкиму тақвият мебахшад, ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегарданд, мебошанд.

Ташаккули падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамқадами таъсиси парламенти касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, он дар натиҷаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 55 ва 69-и Конститутсия дар раъйпурсии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999 рӯйи кор омад.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи мамлакат аз 26 сентябри соли 1999 воридгардида, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин гузаронидани ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар моддаҳои алоҳида пешбинӣ ва мушаххас карда шуданд.

Дар асоси банди 1,  моддаи 69-и  Конститутсияи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян менамояд. То ворид гардидани тағйиру иловаҳои гуфташуда ин салоҳиятро Маҷлиси Олӣ дошт.

Тағйироти ба моддаи 55 Конститутсия воридгардида муқаррар намуд, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои савганд ёд кардан, истеъфо ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии Паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бе қабули қарор ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Барои рушди падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 55 Конститутсияи мамлакат дар асоси тағйиру иловаҳо аз 22 июни соли 2003 дар таҳрири нав ифода гардид, ки тибқи қисми сеюми моддаи мазкур дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Дар мавридҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд. Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.

Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо навбат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон на дертар аз 15 рӯз то кушодашавии ҷаласаҳо даъват намуда, ҷой ва вақти гузаронидани онро муайян менамоянд. Лоиҳаи рӯзнома, масъалаҳои баррасишаванда ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Шурои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ мекунад. Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат раисӣ мекунанд.

Тартиби гузаронидан ва шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи ҳарду маҷлис аз 27 апрели соли 2000 тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

Барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми сеюми моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон даъват карда мешавад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамояд.

Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 27 апрели соли 2000 дар нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад карда, аз ҷумла, иброз намуданд: «Маҷлиси имрӯза ҳамчун воқеаи муҳимми сиёсӣ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад шуд. Имрӯз, ки якумин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, яъне ҳайати пурраи Маҷлиси Олӣ аст, мехоҳам қабл аз баёни масъалаҳои дигар як андешаи худро хотирнишон созам: ҳар кадоми шумо на танҳо дар ҳавзаҳои алоҳида аз байни якчанд довталаб интихоб шудед, балки дар маҷмуъ мардуми Тоҷикистон аз байни зиёда аз шаш миллион нафар унвони намояндагиро маҳз ба шумо муносиб донист.

Ин боварии бузург аст. Мардум аз вакилони худ умеди зиёд дорад. Бинобар ин, ба хотири сазовор шудан ба чунин эътимоду боварӣ зарур аст, ки фаъолият ва тамоми кӯшиши худро барои манфиатҳои олии халқу Ватан, ободиву тараққиёт ва рушди мамлакат равона созед».

Ҳамин тариқ, аз 27 апрели соли 2000 то 23 декабри соли 2022 – 24 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвиятбахши фаъолияти қонунгузории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мебошанд. Дар мамлакат якчанд санадҳои қонунгузорӣ дар заминаи паёмҳои Президенти Тоҷикистон таҳия ва аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд. Чунончӣ, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 декабри соли 2004; 17 сентябри соли 2012; 23-юми декабри соли 2021), Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3-юми декабри соли 2004), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23-юми июли соли 2016), Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18-уми марти соли 2022), Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24-уми декабри соли 2022), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (аз 2-юми январи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (аз 7-уми августи соли 2020), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» (аз 23-юми декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (аз 23-юми декабри соли 2021), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» (аз 22-юми июни соли 2023) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Инчунин дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2000 Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005 тасдиқ шуд. Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид, ки он дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 ва 23 январи соли 2015 таҳия шуда буд. Барои таъмини иҷрои марҳилаҳои якум ва дуюми Стратегия бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» (аз 28 декабри соли 2016) ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (аз 16 июни соли 2021) тасдиқ шуданд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии қабулгардида ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти мамлакат, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими иқтидори мудофиаи мамлакат, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун, амнияти давлату ҷомеа ва таҳкими истиқлолият нигаронида шудаанд.

Бояд гуфт, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 22 июни соли 2023 иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, тибқи он ҳамасола 26 сентябр ҳамчун «Рӯзи Маҷлиси Олӣ – Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Муқаррар гардидани рӯзи ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 маҳсуб мешавад.

Тавре дар боло гуфтем, падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999 пайдо шудааст. Аз ин лиҳоз, 26 сентябрро метавон ҳамчун рӯзи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ҳисобид.

Бояд хотирнишон сохт, ки пас аз пешниҳоди ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ менамоянд. Аз ҷумла, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар алоҳидагӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, дар ин хусус қарори дахлдор қабул менамоянд. Чунончӣ, 20 январи соли 2023 қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022» қабул гардид. Ҳамчунин Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо санади дахлдор нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 бармеоянд», тасдиқ намуд.

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун падидаи муҳими даврони соҳибистиқлолии мамлакат таҳкимбахши фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 АКС аз бойгонии муаллиф/Dushanbe travel

Сентябрь 26, 2024 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои сари вақт таҳия намудани лоиҳаи Дурнамои нишоҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 тадбирҳои зарурӣ меандешад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Он ба ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор равона гардидааст
БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН. Таҳияи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат менамояд
ПЕШНИҲОД БА ХОТИРИ ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶАҲОН. Дар ҳошияи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар СММ
«ПЕШАИ ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБИ РӮИ ОЛАМ АСТ». Иқтибос аз суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОН- ВАСИЛАИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
«БИШНИД ҶАҲОН ЗАБОНИ ТОҶИКИРО…». Эҳдо ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва ҳомии он- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ДАВЛАТМЕҲВАРИ ЗАМОН ВА ҲОМИИ СУЛҲИ ҶАҲОН
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд
Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сермаъноии калимаҳо байни забонҳои дунё мақоми аввалро соҳиб аст. Бардошт аз ҳамоиши «Забон ва Истиқлол»
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир гардид
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Асаре, ки шиносномаи забони тоҷикӣ гардидааст