33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар ноҳияи Деваштич якчанд иншоот ба истифода дода шуд

Сентябрь 9, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд якчанд иншоот ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Тибқи иттилои манбаъ, дар деҳаи Қаълачаи арбоби ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва деҳаи Зароби Ҷамоати деҳоти Муҷун ду пули мошингузар мавриди истифода қарор гирифт. Яке аз пулҳои мошингузар аз ҷониби соҳибкорони деҳа — оилаи Абдуллоевҳо  ба маблағи 1 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Пули дигари мошингузар аз ҳисоби пасандозҳои оилае, ки барои сафари ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буд, ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Таъкид гардид, ки чунин иқдом аз ҷониби саховатмандон барои ободии Ватан ва маҳалл заминаи мусоид мегузорад.

Ҳамзамон дар деҳаи Зароби Ҷамоати деҳоти Муҷун майдончаи варзишии футболи болопӯшида ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ аз тарафи соҳибкорони деҳа ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.

Иброз гардид, ки ифтитоҳи майдончаи варзишӣ имкон медиҳад наврасону ҷавонон рӯ ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим оранд ва ба ин васила ба варзиш ҷалб карда шаванд.

Инчунин бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангӣ ноҳия чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони «Тараннуми Истиқлол» баргузор гардид.

Дар  ҳамоиши идона вобаста ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози андеша карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас дар рушду пешрафти ноҳия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо мукофоти давлатӣ — медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд