33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, воқеан ҳам Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби миллат ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт.
«Мо дар муддати кӯтоҳ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардидем. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд», — баён дошт ӯ.
Ин ҳама самараи сиёсати дуруст ва роҳбариву роҳнамоиҳои абармарди нотакрор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин дастовардҳои бузург ноил шудем.
Самараи чунин сиёсат буд, ки мо роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифтем ва бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардидем, ба бунёди рукнҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон ноил шудем, ваҳдату ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ доштем.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода низ оид ба дастовардҳои 33 соли Истиклолияти давлатӣ маъруза намуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ се корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ, муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Зайнулобиддин Боқизода ва муовини сардори Раёсати коргузорӣ, назорат ва кабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шаҳло Сафарзода бо медали «Хизмати шоиста», корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҳалима Бобоғарибова бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як зумра вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев






