33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҷашни муқаддаси давлатиро таҷлил намуданд

Сентябрь 6, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 06.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Ба гуфтаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, воқеан ҳам Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ дар натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби миллат ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта ташаккул ёфт.

«Мо дар муддати кӯтоҳ заминаи давлатдории навини худро гузошта, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ шудем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф гардидем. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, Конститутсияи мамлакат тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд», — баён дошт ӯ.

Ин ҳама самараи сиёсати дуруст ва роҳбариву роҳнамоиҳои абармарди нотакрор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ба чунин дастовардҳои бузург ноил шудем.

Самараи чунин сиёсат буд, ки мо роҳи ҷомеаи адолатпарвару озодандеши ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро пеш гирифтем ва бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардидем, ба бунёди рукнҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон ноил шудем, ваҳдату ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро нигоҳ доштем.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода низ оид ба дастовардҳои 33 соли Истиклолияти давлатӣ маъруза намуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ се корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ,  муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Зайнулобиддин Боқизода ва муовини сардори Раёсати коргузорӣ, назорат ва кабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шаҳло Сафарзода бо медали «Хизмати шоиста», корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҳалима Бобоғарибова бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як зумра вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд