35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Данғара иншооти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, истеҳсолӣ ва савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Аз ҷумла дар деҳаи Сафедсанги ҷамоати деҳоти Лоҳур, дар деҳаи Остонаи ҷамоати деҳоти Лолазор ва дар деҳаи Оламафрӯзи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара биноҳои се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардиданд.
Биноҳои муассисаҳо дуошёна буда, ҳар кадоме барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ҳар як муассисаи замонавии таълимии нав аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳамзамон дар деҳаи Сафобахш (Охунбобо)-и ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 мавриди истифода қарор дода шуд.


Бинои муассисаи нави таълимӣ якошёна буда, барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 9 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Дар деҳаи Лоларухи ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов бунгоҳҳои тиббӣ ифтитоҳ ёфт.
Иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 3 утоқи корӣ буда, бо талаботи меъморӣ бунёд гардидааст.
Дар деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг бинои маркази фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар шафати Маркази фароғатӣ ва майдончан бозии кӯдакон бинои дуошёнаи хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид.
Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин коргоҳ 20 зани хонанишин ба кор таъмин гашта, фаъолияти онҳо ба дӯхти либоси низомӣ равона гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхонаи муосир таъсис ёфта, 6300 нусха адабиёти гуногун гузошта шудааст.
Майдончаи бозии кӯдакон бо беҳтарин шароит сохта шуда, барои солимии ҷавонон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст.


Дар ҷамоати деҳоти Сафобахш роҳи автомобилгарди мумфаршшуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии он 4 километрро дар бар мегирад. Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Данғара бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.
Дар деҳаи Сомони ҷамоати деҳоти Корез барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузошта шуд.


Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳа иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишию дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.
АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд






