35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази муосири тиҷоратӣ сохта мешавад

Сентябрь 11, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сохтмони бузургтарин маркази муосири тиҷоратӣ, ки асосан барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст, идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳабибулло Ҳоҷибоев сохта шуда, дар айни замон дар он 15 сокини ноҳия ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои марказ бо усули замонавӣ бунёд гардида, даромадгоҳи он асфалт ва гулкорӣ карда мешавад. Соҳибкор масолеҳи сохтмониро аз хориҷа ворид намуда, бо нархи арзон ва дастрас ба шаҳрвандон ба фурӯш мегузорад.

Инчунин дар ноҳия аз ҷониби соҳибкор Шукрулло Мирзозода коргоҳи забҳи паранда ва фермаи парандапарварӣ сохта мешавад.

Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 2 гектар буда,  дар он сохтмони 5 сардхона, ду фермаи парандапарварӣ, коргоҳи истеҳсоли ҳасиб аз гӯшти мурғ ва бунёди як корхонаи истеҳсоли равғани пахта низ ба нақша гирифта шудааст.

Таҷҳизоти забҳкунанда аз хориҷи мамлакат харидорӣ гардида, дар як рӯз то 15 ҳазор сар мурғи гӯштӣ забҳ карда мешавад. Баробари ба фаъолият оғоз намудани коргоҳ 80 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бинои асосии коргоҳ аз ҷойи қабули паранда, забҳхона ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот дар 20 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Сентябрь 11, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд