Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 23-юми вазирони иқтисод ва тиҷорати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муносибатҳо пайваста рушд ёфта, ба сатҳи олӣ баромадаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориро дар доираи ин созмон яке аз афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Дар натиҷа гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай давра ба давра тамоюли рушд касб намуда, ҳамасола беш аз 70 дарсади ҳиссаи гардиши савдои Тоҷикистон ба давлатҳои минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳиссаи Созмони ҳамкории Шанхай қариб нисфи аҳолии ҷаҳон ва 27 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил намуда, минтақа дорои бозори бузург ва имконоти васеъ мебошад.
Дар ин раванд Стратегияи рушди иқтисоди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030 бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон қабул карда шуд. Дар робита ба ин Завкӣ Завқизода ба иштирокдорони ҷаласа барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои ин стратегия вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ ва «сабз», энергияи «сабз», тиҷорати электронӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои инноватсионӣ, инчунин истифодаи васеи имконияти транзитии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






