Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 сентябр дар шаҳри Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар ҷаласаи Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар медиҳад.
Дар ҳошияи ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа вохӯрии Бахтиёр Худоёрзода бо раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус Игор Карпенко доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо равобити дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.


Бояд тазаккур дод, ки 19 сентябр ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сеюми Шурои машваратии роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.
Дар ҷаласа оид ба масоили равишҳои муосир ба ташкили назорати байналмилалӣ ва методологияи мониторинг ва таъсиси комиссияи ҷамъиятии ҷавонон дар назди Шуро муколамаи судманд анҷом дода шуд.
Роҳбарони мақомоти интихобот ва раъйпурсӣ инчунин дар ҷаласаи пленарии Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Стандартҳои байналмилалӣ дар раванди интихобот: таҷриба ва дурнамои рушд» иштирок намуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҳамроҳӣ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






