Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ дар Тошканд иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон «Форуми байналмилалӣ доир ба амнияти озуқаворӣ ва Ҳадафҳои Рушди Устувор барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд» баргузор мегардад, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 4 сентябр дар ҳошияи форум Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳу сифати ҳамкории кунунӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба тақвияти ҳамкорӣ бо ҷалби институтҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар ин рӯз бо Вазири озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои истифода аз имконияту зарфияти якдигар дар соҳаи кишоварзӣ гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис дода, ҷаласаҳои комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ доир намоянд, то самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян шуда, минбаъд рушд ёбанд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст






