Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ҳамроҳ бо Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки 16 сентябр дар пойтахти Австрия -шаҳри Вена оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳошияи иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ мулоқоти алоҳидаи ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ин агентӣ ва давлатҳои хориҷӣ барои баррасии самтҳои нави ҳамкории фаннӣ ва татбиқи муштараки Нақшаи стратегии умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ доир ба солимгардонии партовгоҳҳои радиоактивӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ то 20 сентябр идома меёбад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






