Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад

Сентябрь 21, 2024 14:16

ДУШАНБЕ,  21.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами марбут ба таъсиси озмоишгоҳҳои таълимии самти сайёҳӣ ва тибби сайёҳӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ дар мулоқоти Ректори  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳел Унал  дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар мулоқот  масъалаҳои вобаста ба табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати мутахассисон ба семинарҳои омӯзишӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти Паркҳои технологӣ, IT-парк ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.

Меҳмонон бо самтҳои асосии «Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040» шинос гардиданд. Дар раванди мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳо густариш дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Сафорати Туркия дар Тоҷикистон  ва TIKA дар Тоҷикистон ин тадбирҳо марҳила ба марҳила дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо амалӣ карда шаванд.

Меҳмонон бо фаъолияти институтҳои илмию тадқиқотии «Иқтисоди сабз», «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ», Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, институтҳои таълимии «Сайёҳӣ», «Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ»-и донишгоҳ шинос гардида, бо директорон мулоқот анҷом доданд.

Ҳамзамон  бо пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисос, марказҳои забономӯзӣ, маркази иттилооти сайёҳӣ, маркази идораи лоиҳаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимии самти сайёҳӣ шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд