ҲАМОН РОҲЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ, ВАТАНДОРИСТ! Шаби эҷодии муаллифи ин мисраъҳо — Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00 бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Меҳри Ватан» шоми эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Муҳаммад Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзи тоҷик аст, ки бо ашъори мондагор ва баландмазмун дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Воқеан Муҳаммад Ғоиб аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватандӯсти тоҷик буда, муҳтавои асосии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, пос доштани хоки ин сарзамини биҳиштосо ва рамзҳои муқаддаси миллӣ ташкил медиҳад.
Муҳаммад Ғоиб яке аз қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо ашъори баландмазмун дар байни мардум маъруфият пайдо кардааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Муҳаммад Ғоиб соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин шуда, бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардидааст.
Мавзуи ашъори Муҳаммад Ғоиб тараннуми Ватан, истиқлолият, озодӣ, ваҳдати миллӣ, модар, инсон ва худшиносӣ, ишқу муҳаббат ва амсоли инҳо мебошанд, ки дар эҷодиёти шоир ба таври табиӣ, нарму самимӣ ва сода ифода меёбанд. Аз ҷумлаи шеърҳои ватандӯстонаи ӯ шеъри «Ватандорист» байни мардум бештар машҳур аст:
Ҳамон роҳе, ки поёнаш намебинам, ватандорист,
Ҳамон дарде, ки дармонаш намебинам, ватандорист.
Ба хуни ноф ҳар хоке шавад олуда ҷон дорад,
Танеро бе ғами ҷонаш намебинам, ватандорист.
Танур аз оташу оби намакдораш ғизо гирад,
Нишони хӯрдани нонаш намебинам, ватандорист.
Ҳамон марде, ки аз тири адӯ дорад ҷароҳатҳо,
Вале чашмони гирёнаш намебинам, ватандорист.
Парешонгаштагонро то қиёмат нест осоиш,
Ҳамон ҷамъи парешонаш намебинам, ватандорист.
Агар фикри ватан дар сар набошад, сар чӣ кор ояд,
Диле холӣ зи армонаш намебинам, ватандорист.
Раҳи осоншавии мушкили худро ҳама ҷӯянд,
Ҳамон мушкил, ки осонаш намебинам, ватандорист.
Фидоиро Муҳаммад шиква аз бори гаронам нест,
Зи умри худ пушаймонаш намебинам, ватандорист.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






