Ҷанг Вон Сам: «Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар оянда низ ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият мебахшад»

Сентябрь 6, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 06.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) дар оянда низ ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд», — гуфт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) Ҷанг Вон Сам.

Ҷанг Вон Сам ёдовар шуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон ба ҳайси Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) мебошад.

«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муносибатҳои ду давлат дар бахши иқтисод ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намудем», — таъкид намуд Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ.

Ба гуфти ӯ, дар мулоқот инчунин муносибати Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОИКА) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад