Анорхол Эшбулатова: «Сифати кори бофанда аз чолокии ангуштон, тобоварии ҷисмонӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ иборат аст»
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бофандагӣ яке аз ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик ба шумор рафта, аслан ба ин касб занон машғул мешаванд. Анъанаҳои бофандагии пурнақшу нигори миллӣ дар шароити имрӯза аз ҷониби ҳунармандон, наққошон, бофандагони моҳир, аз чумла дар муассисаҳои касбу ҳунарҳои мардумӣ рӯ ба инкишоф овардаанд.
Маҳсулоти бофандагии дастӣ дар шакли инфиродӣ ва даставӣ омода карда шуда, дар намоишгоҳҳо, чорабиниҳо ва ҷашну маросим барои тамошо ва фурӯш бароварда мешаванд.
Анорхол Эшбулатова яке аз занҳои ҳунарманди ноҳияи Қубодиён мебошад, ки 39 сол мешавад ба касби гилембофӣ машғул аст.
Имсол ин зани ҳунарманд соҳиби гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва мақсад дорад коргоҳи хурди гилембофӣ таъсис диҳад. То имрӯз ӯ дар хона ҳамроҳ бо духтарону келинҳояш ба гилембофӣ машғул буд. Акнун мехоҳад занҳои хонанишинро ба кор ҷалб намояд.
Бояд гуфт, ки ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон, давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамояд.
«Ман аз соли 1985 ба ин касб машғул ҳастам. Модарам дар вақташ гилембоф буд. Ҳангоме, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон келин шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадам, аз ҳамон сол инҷониб ба гилембофӣ машғул шуда, то имрӯз ҳунарамро идома медиҳам».
Ин зани ҳунарманд бо гилемҳояш дар ҳама чорабиниҳои ҳунармандӣ иштирок намуда, чандин маротиба сазовори ҷойҳои якум ва намоён гаштааст.
«Маҳсулоте, ки барои омода кардани гилем истифода мебарем, ин асосан ришта мебошад. Мо баъзе риштаҳоро аз бозор харида, бархеи дигарро дар хона аз нахи пахтаи хом омода ва ранг мекунем. Пас аз ранг кардан мо гилемҳои ранга мебофем».
Ҳунари дастии ин зани ҳунарманд ҳам дар хона ва ҳам дар ноҳия харидор пайдо намудааст.
«Гилемҳоро ба мо дар ҳар андоза фармоиш медиҳанд. Аз 1 метр сар карда, то ба 5 метр гилем омода мекунем. Дар баробари қабули фармоиши мизоҷон инчунин дар бозори ноҳия нуқтаи фурӯши чунин гилемҳоро ба роҳ мондаем».
Ӯ мегӯяд, ки гилемҳои бофтаи онҳоро мардуми деҳа барои болои кати назди ҳавлӣ зиёд мехаранд, зеро ин гилемҳо барои дар ҳавлӣ нишастан хеле мувофиқ мебошанд.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, «сифати кори касбии бофанда аз чолокии ангуштон, тобоварии ҷисмонӣ ва маҳорати хуби эҳсоси зебоипарастӣ иборат аст».
Нафароне, ки касби бофандагиро интихоб мекунанд, бояд малакаи зарурии кор дар дастгоҳи бофандагиро дошта бошанд, сохти дастгоҳҳо, махсусияти нахҳои истифодашаванда ва матоъҳои истеҳсолшавандаро донанд; ба омӯзиши фанҳои химия, биология, математика, санъати тасвирӣ ва технологияи иттилоотӣ ҷиддӣ машғул шаванд.
Ин зани ҳунарманд дар баробари гилембофӣ инчунин дар 10 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад, ки дар он чигит ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал кишт мекунанд.
Ба гуфтаи Анорхол Эшбулатова, онҳо зиндагиашонро аз рӯи ҳамин касбашон пеш мебаранд.
«То ба имрӯз ягон фарзанди ман ба муҳоҷират нарафтааст. мардҳо дар замин кор мекунанд, мо занҳо ба гилембофӣ машғул мешавем»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ёовар мешавем, ки бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёнаи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Устувории иқтисоди миллӣ дар заминаи сиёсати пулию қарзӣ ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон иқтидори энергияи бодӣ 1 926,35 МВт-ро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад






