«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд

Сентябрь 20, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси  3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво «AQCA 2024» таҳти унвони  «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мониторинги сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конфронс намояндагони баландпояи соҳаи ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ, Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ва муҳаққиқону коршиносон сухан гуфтанд.

Дар ҷаласаи якуми конфронс, ки дар мавзуи «Баррасии роҳу воситаҳои мониторинги сифати ҳаво ва чангу ғубор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» доир гардид, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаюм Қаландарзода дар мавзуи «Низоми мониторинги давлатии сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон» маъруза намуд.

Конфронси  3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво «AQCA 2024»  давоми 2 рӯз дар 8 ҷаласа идома ёфта, дар ҷараёни он беш аз 60  коршиносу мутахассиси соҳа маърузаи илмӣ намуд.

Ҳамзамон масъалаҳои мубрами марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мониторинги сифати ҳаво ва тӯфонҳои чангу ғубор дар шароити тағйирёбии иқлим  баррасӣ шуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд