АЗ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН СИПОСГУЗОРЕМ! Имсол 20 олим соҳиби мукофоти давлатӣ гардид

Сентябрь 8, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 нафар олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мукфотҳои давлатӣ, ба монанди  «Корманди шоистаи илм» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд, ки аз онҳо шаш нафар аз шуъбаи илмҳои биология  мебошанд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик низ ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардид, ки ин пеш аз ҳама, ба талошу ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди илми тоҷик вобастагии калон дорад. Масалан, олимони шуъбаи биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиш ва таҳқиқоти набототу ҳайвоноти нодири мамлакат натиҷаҳои арзишманди илмӣ ба даст оварданд.

Дар натиҷаи тақвият додани корҳои таҳқиқотӣ дар бахшҳои соҳаҳои муосири илм, ба монанди генетика, селексия ва биотехнология дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бештар аз 10 навъи серҳосилу ба касалиҳо тобовари зироати кишоварзӣ ба даст оварда шуд, ки ҳоло дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар кишту кор мегарданд. Олимони ин махзани илм тавассути ба даст овардани чунин навъу намунаҳои нодири зироати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, саҳми арзанда мегузорнад. Чунин дастовардҳои самараноки илмӣ дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои илмии зертобеи Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон низ ба даст оварда шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнату натиҷаҳои бадастовардаи олимони тоҷикро қадрдонӣ намуда, онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегардонанд, ки ин ба кӯшишу ғайрати олимони тоҷик қувва ва илҳоми нав мебахшад.

Олимони тоҷик аз ин ғамхорӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор буда, минбаъд низ тамоми қувваю неруи илмиро барои самаранок гардидани натиҷаҳои илмӣ сарф намуда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузоранд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 8, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд