Аз вилояти Хатлон ба Қазоқистон дар 14 мошини боркаш маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14 мошини боркаш қариб 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот гардид.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҳсулоти содиротшуда 18 номгӯй маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ангур, каду, лаблабу, пиёз, карам ва ғайраро дар бар мегирад.
Дар ин давра танҳо тавассути Раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон 14 985 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 6022 тонна зиёд мебошад. Маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон- 6267 тонна, Афғонистон-1680 тонна, Қазоқистон- 2893 тонна, Русия- 3386 тонна, Узбекистон- 681 тонна ва Беларус- 76 тонна содирот карда шудааст.
Инчунин то имрӯз аз маҳсулоти кишоварзӣ тавассути роҳи оҳани Хатлон 22 қатора бо вазни умумии 1329 тонна пиёзи барвақтӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






