Ба ҷазираҳои Идзу ва Огасавараи Ҷопон сунами таҳдид менамояд
ДУШАНБЕ, 24.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҷазираҳои дурдасти Ҷопон- Идзу ва Огасавара, ки дар уқёнуси Ором, дар ҷануби Токио ҷойгир мебошанд, таҳдиди сунами эълон шудааст. Дар ин хусус идораи миллии обуҳавошиносӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Баландии мавҷҳо то 1 метрро ташкил медиҳад. Сокинони ин минтақаҳоро даъват кардаанд, ки ба соҳил наздик нашаванд.
Сабаби сунами заминларза бо шиддати 5,9 дараҷа гардид, ки дар минтақаи ин ҷазираҳо рух дод.
Дар ҷазираи Хатидзё мавҷҳои обхезӣ бо баландии то 50 см сабт шудаанд. Идораи обуҳавошиносӣ инчунин дар бораи мавҷҳои баландиашон то 20 см дар минтақаи дигари ҷазираҳои Идзу ва Огасавара хабар медиҳад.
Дар бораи хисорот ва талафот маълумот дода нашудааст.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






