Ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар толори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳ Фирдавс Ҳаётзода Паёми табрикии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалиро ба самъи иштирокдорони маросим расонд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми шодбошии худ ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ ва шахсонеро, ки бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ сазовор дониста шуданд, ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.



Дар маросими мукофотсупорӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фаъолияти меҳнатиашон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ супорида шуд.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони касбу кори гуногунро, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ менамоянд.
Дар маросими мукофотсупории имрӯза дар вазъияти тантанавӣ як зумра кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Медали хизмати “Шоиста”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
АКС: Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон





















































Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад






