Ба кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ оид ба супоридани мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсил ва ҳамзамон ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, иброз дошт, ки 33 сол муқаддам миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба ин дастоварди бузург ноил гардид.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон чун муҳимтарин дастоварди таърихии давраи истиқлолият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби нодири омӯзиш табдил ёфтааст. Дар ин раванд сиёсати давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи ин неъмати бебаҳо беназир аст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тамоми кормандони соҳаи маорифро бо ин ҷашни бузургу сарнавиштсоз табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолият давлати мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ба кормандони соҳаи маориф ва илм мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






