Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 73 иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд
РАШТ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои хуштарҳу замонавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, №6-и деҳаи Шаҳринави деҳоти Қалъанак, бинои иловагии кӯдакистони №1-и шаҳраки Ғарм, майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Ҳалқарфу Баҳористон, бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Шулмак, маркази таъмири техникаҳои соҳаи кишоварзӣ дар деҳаи Кӯлоба ва 4 иншооти гуногун дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм мавриди истифода қарор дода шуданд. Бунёди ин иншоот ба некуаҳволии сокинони маҳал мусоидат менамояд.
Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш иброз намуданд, ки «муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад».
Ёдовар мешавем, ки сокинону соҳибкорони ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 иншооти гуногунро ба истифода медиҳанд. Инҳо марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб ва коғази ташноб, коргоҳҳои истеҳсоли хишти сементӣ, сохтмони истгоҳҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толори варзиш, биноҳои истиқоматии баландошёна ва биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот мебошанд.
Инчунин майдони марказии шаҳраки Ғарм навсозӣ шуда, дигар иншооти муҳим сохта мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






