Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 73 иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд

Сентябрь 12, 2024 14:10

РАШТ, 12.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои хуштарҳу замонавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7-и  деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, №6-и  деҳаи Шаҳринави деҳоти Қалъанак, бинои иловагии кӯдакистони  №1-и шаҳраки Ғарм, майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Ҳалқарфу  Баҳористон,  бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Шулмак, маркази таъмири техникаҳои соҳаи кишоварзӣ дар деҳаи Кӯлоба ва 4 иншооти гуногун дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм  мавриди истифода қарор дода шуданд. Бунёди ин иншоот  ба некуаҳволии сокинони маҳал мусоидат менамояд.

Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш иброз намуданд, ки «муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад».

Ёдовар мешавем, ки сокинону соҳибкорони ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  73 иншооти гуногунро  ба истифода медиҳанд. Инҳо марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсоли ҳасиб ва коғази ташноб, коргоҳҳои истеҳсоли хишти сементӣ, сохтмони истгоҳҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толори варзиш, биноҳои истиқоматии баландошёна ва биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳот мебошанд.

Инчунин майдони марказии шаҳраки Ғарм   навсозӣ шуда, дигар иншооти муҳим сохта мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Сентябрь 12, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бо тадбирҳои бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср таҷлил карда шуд
Роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти «Алмосӣ», Мирзо Ризо ва Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор таъмир ва мумфарш мегарданд
Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни иншооти бунёдшаванда шинос гардид
Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул таҷлил карда шуд
Дар Панҷакент сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ оғоз шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо нақби турбинии агрегати рақами 3 ва 4 шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар Кони рақами 17 шинос шуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳо дар рӯди Оби Шӯр шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳи обии «Роғун» шинос гардиданд