Бахшида ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Машҳади Эрон нишасти илмиву адабӣ баргузор гардид

Сентябрь 16, 2024 17:56

ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи фарҳангии «Хирадсарои Фирдавсӣ» дар шаҳри Машҳад бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ таҳти унвони «Биёрой рӯи заминро ба меҳр» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар нишаст намояндагони илм, адаб ва фарҳанги Машҳад ва вилояти Хуросони Разавӣ иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ саҳми бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу ваҳдат, таҳкими пояҳои Истиқлолият ва давлатдории миллӣ таъкид намуда, ташаккули фарҳанги тамомиёри миллиро дар Тоҷикистон яке аз самараҳои Истиқлолият қаламдод кард.

Донишмандони маъруфи эронӣ Муҳаммаҷаъфари Ёҳақӣ, Амир Илҳомӣ, Алиашрафи Шабистарӣ, Ризо Ашрафзода ва дигарон бо таъкид ба дастовардҳои азими Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Эронро  заминасози равобити дӯстиву шарикии ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг номиданд.


Дар идома аз ҷониби шоирони эронӣ Амир Шаҳло, Абӯтолиб Музаффарӣ, Мошоаллоҳ Халилӣ ва дигарон шеърҳо дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии ду миллати тоҷику эронӣ қироат карда шуданд.

Наворҳои инъикоскунандаи зебоиҳо ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокдорони барнома давлати моро чун кишвари дорои зарфияти бузурги сайёҳӣ муаррифӣ намуданд.

Дар фарҷом шумораи 54-уми фаслномаи илмиву фарҳангии «Пож» рӯнамоӣ гардид, ки он ба дастовардҳои адабиёти муосири тоҷик дар даврони Истиқлолият ва хотираи ду донишманди барҷастаи Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Худоӣ Шарифзода бахшида шуд.

Ҳамчунин китоби адабпажӯҳи номвари тоҷик Расул Ҳодизода – «Рӯдакии дур аз наздик», ки аз охирин навиштаҳои устоди зиндаёд буда, ахиран аз ҷониби «Хирадсарои Фирдавсӣ» ба нашр расидааст, ба иштирокдорон рӯнамоӣ гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сентябрь 16, 2024 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд