Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
БОХТАР, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иброз дошт, ки «ҳамасола дар Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Дар робита ба ин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба илму маориф, мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ муҳим мешуморанд».
Рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳаи муҳим афзалият дода мешавад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда мавриди истифода қарор дода шуда, ин раванд бомаром идома дорад.
«Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии устодону омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё ва сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод менамоем. Ҳамзамон умед дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишманду соҳибмаърифат тарбия намудани насли наврас бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд», — афзуд раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон иборат аз он аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори баланди миллӣ тарбия намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид






