Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Сентябрь 1, 2024 11:43

БОХТАР, 01.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти  Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иброз дошт, ки «ҳамасола дар Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Дар робита ба ин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба илму маориф, мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ муҳим мешуморанд».

Рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳаи муҳим афзалият дода мешавад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда мавриди истифода қарор дода шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

«Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии устодону омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё ва сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа ба мактаб эътимод менамоем. Ҳамзамон умед дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишманду соҳибмаърифат тарбия намудани насли наврас бо масъулияти баланди касбӣ саҳм мегузоранд», — афзуд раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон иборат аз он аст, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори баланди миллӣ тарбия намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 1, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар