Баргузории Рӯзи дарҳои боз қадами муҳим дар роҳи таблиғи китоб ва китобхона мебошад
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Рӯзи дарҳои боз қадами муҳим дар роҳи таблиғи китобу китобхона ва ҷалби омма ба омӯзиш мебошад. Ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мешавад, ки ин нишони таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим дар қатори дигар иду ҷашнвораҳо мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни Рӯзҳои дарҳои боз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода баён намуд.
Тавре дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи ҳамоиш намоиши дастовардҳои китобдорон пешниҳод гардид. Инчунин дар ин рӯз доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони китоб бо имконияти ин макон шинос шуданд. Ҳамзамон байни мактаббачагони шаҳри Душанбе озмун доир ба мавзуи китоб ва таърихи китоб баргузор шуд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки «рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин гуфтаҳоро метавон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва даҳҳо дигар озмунҳои ба ин монанд рабт дод, ки барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор карда мешаванд».
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ ду рӯз: 4-5 сентябр доир шуда, меҳмонон метавонанд гӯшаҳои намоиши китоб, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои рассомиро тамошо намоянд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






